ЗАМИНҲОИ КОРАМРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРЕМ.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо усули хона ба хона дар натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ дар ҷамоати шаҳраки ноҳия, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои назди ҳавлигӣ дидан намуданд.

Бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки замини наздиҳавлгӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар замин бо назардошти мавсими кишту кор зироатҳои гуногун кишт намуданд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара иброз доштанд, ки рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст.

Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ва захира намудани маводи ғизоӣ зиндагии хешро боз ҳам рангину гуворо намоем.