ТАЪМИНИ САРИВАҚТИИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА МАЪЮБОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери сиёсати созандаву инсондӯстонаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии афроди дорои имконияти маҳдуд, яккаву танҳо ва оилаҳои ниёзмандро аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими фаъолият дониста, дар ин самт  татбиқи амалии ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро асос медонад.

Аз ин ҷост, ки бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ нафақаи ҳизбӣ таъсис ёфтааст, ки ба маъюбону ятимон супурда мешавад.

Чор  нафар сокинони ноҳияи Данғара, салимова Озодамоҳ, Улуғова Шарбону,  Ғоибова Шаҳло ва Исоева Гулчеҳра  низ ҳар моҳ аз нафақаи ҳизбӣ бархурдоранд. Ба ҳар яки онҳо ҳар моҳ 500 сомонӣ пардохт мешавад. Боис ба зикр аст, ки нафақаи ҳизбии моҳи майро ба маъюбон  тақдим намуданд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара  зимни суҳбати самимӣ бо онҳо аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба қишрҳои осебпазири ҷомеа ёдоварӣ намуд.