АФЗОИШИ АЪЗОИ ҲИЗБ АЗ ҲИСОБИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ буда, ифодакунандаи ормонҳои миллати мо мебошад. Фаъолияти пурсамари он аз он шаҳодат медиҳад, ки дар симои ҳар як аъзои он тарғибгари сиёсӣ, раҳнамо, ғамхору сарпараст ҳамчунин шаҳрванди намунаи ҷомеаи навин таҷассум меёбад. Ҳар як узви ҳизб аз аъзо буданаш ифтихор менамояд. 

Бо ҳамин мақсад аз ҳисоби омӯзгорони ҷавони ташкилоти ибтидоии “Нури Истиқлоли” – и Донишгоҳи давлатии Данғара  9  -  нафар ба сафи аъзои ҳизб ба қайд гирифта ва ба аъзогӣ қабул карда шуда аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара Каримзода Пирмуҳаммад  шаҳодатномаҳои ҳизбиро бо тантана супорида  қайд намуд, ки аъзогӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ифтихор буда, махсусан ба ҷавонон заминаи мусоиди зиндагиро кафолат медиҳад.

Бо ҳамин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара тасмим гирифтааст, ки сафи аъзову ҷонибдорони ҳизбро аз ҳисоби ҷавонони фаъол ва пешқадами ноҳия бештару бештар намояд.