БУНЁДИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР ДЕҲАИ ДИЛНИШИНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПУШИНГ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Дилнишини  ноҳияи Данғара аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Данғара, соҳибкор Чориқулов Қиёмиддин пули мошингузар бо дарозии 10 метр ва паҳноияш 6 метр сохта ба истифода дода шуд. Инчунин 3 километр роҳи байни деҳаи номбурдаро ба сангфарш гардонидааст. Дар ноҳияи Данғара бо ташаббуси соҳибкорон ва саховатмандон бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ босуръат идома дошта, сокинони ноҳия барои бо дастовардҳои шоиста истиқбол намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд.