СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №2

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №2 - и ноҳияи Данғара Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” Ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Омода ва ҷалб намудани хонандагон ба олимпиядаҳои фаннӣ  доир гардид.  Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд., ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соатҳои сиёсӣ” дар мактаби №2, дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарасттиро тарбия менамоянд.