АКСИЯИ “ТОЗАГИИ МАҲАЛ” БО ҶАЛБИ АҲОЛИИ НОҲИЯ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 01.04.2023, вобаста ба татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тгоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи муҳити зист Аксия доир гардид. Дар ҷараёни Аксия зиёда аз 1000 нафар аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуда, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Данғара  - Кулоб, кӯчаву маҳаллаҳо аз партовҳо тоза ва озода гардонида шуд. Дар рафти Аксия масъулин ба ҷавонону наврасон, сокинон оид ба риояи тозагии муҳити зист корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.