ОБОДОНИИ ҚАБРИСТОНҲО АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРИСТ.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.03. 2023, дар асоси Нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристнҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара,  дар  Оромгоҳӣ деҳаи Рахшонзамини ҷамоати деҳоти Корез  бо ҷалби сокинони деҳаи номбурда, Эмомхатиби маҳалла, раиси маҳалла ва волонтёрони ҳизбӣ,  ҳашари дастаҷамъона гузаронида, тамоми дохил ва атрофи қабристонро аз партовҳо ва алафҳои хушкшуда тоза намуданд.

Дар ин ҳашари умуми, ки зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  ном гирифтааст зиёда аз  48 – нафар иштирок намуданд.