ОБОДОНИИ ҚАБРИСТОНҲО МАРОМИ МОСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристнҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара,  дар  Оромгоҳӣ деҳаи Пушинги ҷамоати деҳоти Пушинг  бо ҷалби сокинони деҳаи номбурда, Эмомхатиби маҳалла, раиси маҳалла ва волонтёрони ҳизбӣ,  ҳашари дастаҷамъона гузаронида, даромадгоҳи   оромгоҳро аз нав бунёд намуда,  тамоми дохил ва атрофи қабристонро аз партовҳо тоза намуданд.

Дар ин ҳашари умуми, ки зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  ном гирифтааст зиёда аз  67 – нафар иштирок намуданд.