ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ НАВРӮЗИ АҶАМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи Наврӯзи байналмиллалӣ  бо мақсади амалӣ намудан аз сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбон, ниёзмандон ва қишри осебпазири аҳолӣ, ба 4 - нафар маъюбони гурӯҳи якум аз ҳудуди ноҳия, Ғоибова Шаҳло, Исоева Гулчеҳра, Салимова Озодамоҳ ва Улуғова Шарбону  аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иброз намуд, ки маъюбону барҷомондагон таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.

Бояд қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ 2000 сомонӣ  нафақаи ҳизбӣ  дар моҳи марти соли ҷорӣ дастрас гардониданд.