МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамарӯза дар тамоми ҳудуди ноҳияи Данғара шанбегии дастаҷамъона бо маром идома дорад. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кабудизоркунӣ” – и ноҳияи Данғара баҳри корҳои ободонву сарсабзгардонӣ ва шинондани дарахтони  ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан шанбеги гузаронида истодаанд.

Қобили қайд аст, ки чунин тадбирҳои сабзкориву  кабудизоркунӣ тариқи ҳашар роҳандози карда шудааст. ин амали некбинона бо ташаббусу дастгирии кормандони муассисаҳо оғоз гардида истодаанд. Боиси тазаккур аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда аз 1000 намуди дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.  Чунин иқдомҳои ободонӣ дар назди биноҳову ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Данғара бо маром идома дорад.