ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ МЕГАРДОНЕМ ВАТАН!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар - шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Ба ҳамин хотир кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кабудизоркунӣ” бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар Ҷамоати шаҳраки назди Парчами ноҳия новобаста аз шанбегӣ  ҳамарӯза доир намуданд.

Мавриди зикр аст, ки кормандони ин ташкилот бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохиливу беруни ва гирду атрофи идора, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.