АКСИЯИ НИҲОЛШИНӢ БАХШИДА БА САЗОВОР ПЕШВОЗ ГИРИФТАНИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26.02.2023 масъулони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Минтақаи озоди иқтисодӣ” дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғарабо мақсади зебо гардонидани саҳни ташкилоти мазкур маъракаи ниҳолшинони доир гардид. Дар ин маърака кормандони ташкилоти номбурдаи ноҳияи Данғара, зиёда аз 1000 адад ниҳоли арчаи хушсифати ҳамешасабз ва зиёда аз 600 гулҳои ороишии Лола дар назди корхона шинонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта  мешавад. Аз ин рӯ, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.