БАРОИ ОБОДИИ ДИЁРАМОН КАМАРИ ҲИММАТ МЕБАНДЕМ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз ҷониби тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Данғара бо ҷалби кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободу зебо гардонидани назди ташкилоту муассисаҳо оғоз гардид. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникӣ” новобаста аз шанбегӣ  ҳамарӯза ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофро тозаю озода нигоҳ медоранд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон  Раҷабализода Ҳокималӣ иштирок намуданд. Дар шанбегӣ саҳми арзандаи духтурон ва ҳамширагони тиббӣ беандоза буда, нарм намудани бехи дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз, шинонидани гулҳои мавсимӣ бо маром идома доранд.