ТОЗА НАМУДАНИ ГИРДУ АТРОФИ ҲУДУДИ НОҲИЯ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи нақша-чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе бо ташкили маъракаҳои ҳашар - шанбегӣ ташкил намуда, ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Ба ҳамин хотир ташкилоти ибтидоии ҳизбии ЛТТ “Афлотун”  бо мақсади иҷроиши нақшаи чорабиниӽо дар самти корӽои ободонӣ ва тоза намудани роҳравҳо шанбегӣ доир намуданд, ки саҳми устодону хонандагон гузошта шуд.

Аз рафти шанбегӣ масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халққии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Сафарова Наргис дидан намуд.

Мавриди зикр аст, ки устодону шогирдони ин ташкилот бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои боз ҳам зеботар ва тоза  намудани кӯчаи Марказӣ  пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.