САРСАБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ як қатор силсила тадбирҳои муайян амалӣ шуда истодаанд.

Тибқи нақша дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Минтақаи озоди иқтисодӣ”-и Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара бахшида ба 30 -солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашнҳои дарпешистода бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ аксияи ниҳолшинонӣ ташкил карда, беш аз 500 бех ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур шинонида шуд. Дар ин доира бо иштироки кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии номбурда  баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба он зебоии хоса мебахшад. Аз ин рӯ, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як маъракаи ҳақиқии мардумӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.