СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №28

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таълимии №28 - и ноҳияи Данғара Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон,  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маърӯза намуда, қайд намуданд, ки амали Қонунҳои мазкур нисбат ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли истиқомати онҳо, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли ҷойгиршавии онҳо, татбиқ мегардад, агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигареро муқаррар накарда бошанд.