ҶАРАЁНИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №21

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 26 –уми ноябри соли равон дар ҷамоати деҳоти Сангтуда, Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №21, дар амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон соати сиёсӣ дар мавзӯи “Ваъзи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон” баргузор гардид.Директори муассисаи номбурда Кучарова Мавҷигул дар баромади худ иброз доштанд, ки вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири он аст, бо фазои сиёсиву иқтисодии кишварҳо таъсир гузошта, дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ тағироти назаррас ворид намудааст. Инчунин омӯзгорон ва дигар фаъолони ҳизбӣ баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавононро  мусоидат менамояд.