РАФТИ БАРГУЗОРИИ СОАТҲОИ СИЁСӢ

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр санаи 26 ноябри соли 2022 дар МТМУ № 23, Соати сиёсӣ баргузор гардид.Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.