«СОАТҲОИ СИЁСӢ” МУСОИДАТ БА ВАСЕЪШАВИИ ҶАҲОНБИНИИ ХОНАНДАГОН

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар МТМУ №9 -и ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара “Соати сиёсӣ” бо иштироки директори муассисаи номбурда баргузор гардид.Зимни “Соати сиёсӣ” қайд гардид, ки амалиёте, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудааст, ташаббуси саривақти буда, баҳри рушд, ташаккули тафаккур, ҷаҳонбинии миллии ҷавонон, мукаммал намудани донишу ҷаҳонбинӣ, эҳтирому арҷгузорӣ, адлу инсоф, хоксориву фурӯтанӣ, шуҷоату далерӣ ва ба ростгӯию росткории ҷавонон мусоидат менамояд.