ИШТИРОКИ ҶАВОНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСӢ ВА ИҚТИСОДИИ ЧОМЕА ДАР “СОАТИ СИЁСӢ”

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 26 ноябри соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.Дар “Соати сиёсӣ” хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва ба онҳо дар мавзуъҳои “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиёти ҷомеа”, “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ ва “Нақши 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди кишвар” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор карда шуданд. Хизмати содиқона кардан ба Ватан-модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №25 дар вуҷуди хонандагон ҳувияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯсиву меҳанпарастиро тарбия менамояд. Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, сарвари муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” вохӯри доир намуданд.