ИДОМАИАМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ҲИЗБИИ "СОТҲОИ СИЁСӢ"

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр санаи 26 ноябри соли 2022 дар МТМУ № 8 Соати сиёсӣ баргузор гардид.Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд. Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози ихтиёрӣ ба хизмати ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои даққиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.

Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамбастаги Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидааст.