СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №27

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27 – и ҷамоати деҳоти Пушинг, деҳаи Паркамчии  ноҳияи Данғара  миёни хонандагони синфҳои болоӣ  соати сиёсӣ доир карда шуд.

Дар соати сиёсӣ омӯзгори соҳибтаҷриба Маҳмадалиева Парвина ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар соати сиёсӣ омӯзгорон дар мавзуъҳои нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ баромад намуданд.