СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №48

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 29 октябри соли 2022 дар суассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 – и  ҷамоати деҳоти Корез, деҳаи Рахшонзамин  соати сиёсӣ баргузор гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд: нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ.    
Дар ҷараёни соати сиёсӣ ба сифати маърӯзачӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба, собиқадорони риштаи ҷомеашиносӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ҷалб гардида буданд.
Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расидааст.