ДАР МТМУ №2 “СОАТИ СИЁСӢ” ВА “МАКТАБИ МАН” ДОИР ГАРДИД.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  Нақшаи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ҷамоати ҷамоати шаҳраки ноҳияи Данғара  миёни хонандагони синфҳои болоӣ  ва хатмкунандагони муассисаи номбурда “Соати сиёсӣ” ва “ Мактаби ман” доир карда шуд.

Дар соати сиёсӣ вакилони ноҳиявӣ, омӯзгори соҳибтаҷриба Ҳамидова Назрбӣ ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар соати сиёсӣ омӯзгорон дар мавзуъҳои нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ маъруза намуданд.