БАРГУЗОРИИ "МАКТАБИ МАН" ДАР МТМУ №42

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 29 октябри соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ноҳияи Данғара ҳамоиши хатмкардагон зери унвони "Мактаби ман!" доир мегардад.Хатмкардагони гиромӣ бо камоли эҳтиром барои иштирок дар ин ҳамоиши бунёдгузор даъват гардиданд.
Боиси зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи Амалиёти “Мактаби ман!” дар санаи 29 октябри соли ҷорӣ бо иштирок ва ҳавасмандии 10 нафар хатмкардагон сину соли гуногун ҷиҳати бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо суҳбатҳо гузаронида шуд.