ОҒОЗИ СОАТҲОИ СИЁСӢ ДАР ДАНҒАРА

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 29 октябри соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 – и  ҷамоати деҳоти Корез деҳаи Ҳусейншайх  Соати сиёсӣ баргузор гардид.

Амалиёти “Соати сиёсӣ” дар мавзуъҳои зерин доир карда шуд: Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, Тарбияи ҳарбии – ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Раҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ.    
Дар ҷараёни “Соати сиёсӣ” ба сифати маърӯзачӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба, собиқадорони риштаи ҷомеашиносӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ҷалб гардида буданд.
Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимии ҳудуди ноҳия  байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тасвиб расидааст.