САҲНИ БИНОИ МАЪМУРИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА САФОЛАКПУШ МЕГАРДАД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”дар сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома доранд. Сафолакпӯш намудани саҳни бино шаҳодати гуфтаҳои болост. 

 Бояд гуфт, ки саҳни бинои  болозикр  сафолакпӯш гардида истодааст, ки ба ҳусни бино зебогии дигарро зам менамоя. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти бунёду сохтмонҳои иншоотҳои  ҷашнӣ дар ноҳияи Данғара то имрӯз корҳои назаррас бахшида ба 35-солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон бо сифати баланд  ба анҷом расида истодаанд.