САНОАТКУНОНИИ БОСУРЪАТ ҲАДАФИ МОСТ!

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25 октябри соли 2022, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз корхонаҳои саноатии ноҳия, ки дар ҷамоати шаҳрак фаъолият доранд, дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат" бо мақсади баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ ва тафаккури техникии сокинон, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд. Масъулин аз  фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, вобаста ба фаъолияти корхонаҳои мазкур пурра шинос гардиданд.

Айни замон корхонаҳо фаъолияти хуб дошта, дар татбиқи ҳадафи ҷоруми миллӣ - саноатикунинии босуръати кишвар ҳиссагузор аст.