САҲМИ МО БАҲРИ ОБОДИИ МАҲАЛЛИ ЗИСТИ ХУД

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Аксияи ҳизбии“Якҷоя месозем!” ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов, деҳаи Шаҳбур бо ҷалби сокинони деҳа ҳашари дастаҷамъона баргузор гардид, ки роҳи байни деҳаро сангфарш намуда, барои рафтуои одамон ва автомашиноаҳои мусофиркаш роҳро тахту ҳамвор намуданд.

Ин иқдоми софдилонаи сокинони деҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки бо заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, баланд гардидани обруву нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон шароити зарури фароҳам шуда, имруз мамлакат бо нишондодҳои назаррас ва шоиста пеш меравад.