Баргузории озмунҳои ҳизбӣ дар маҳал.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баргузории озмунҳои ҳизбӣ дар маҳал Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони ҳизбу меҳнат озмуни ҳунарҳои мардумӣ, катбонуи беҳтарин, захирадори беҳтарин баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Қосимзода Солеҳа, мудири шуъбаи кор бо занони вилоят Ғафурзода Рухсора, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳр Давлатова Роҳила собиқадорони ҳизбу меҳнат Назарова Тутихон, Ализода Хатичабону, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Сафарзода Гулистон иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур шаш оилаи намунавии сокинони маҳаллаи Ғайрат-оилаи Қосимоваҳо ва Мирзоалиеваҳо иштирок намуда, хурокҳои миллӣ ва маҳсулотҳои нониву қаннодӣ омода намуданд. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба иштирокчиёни озмун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.Ҳамчунин иштирокчиёни озмуни мазкур, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи дусолаи маводи ғизоӣ аз оилаҳои сокинони ин маҳалла дидан бамал оварданд.

         Масъулин маҳсулотҳои аз тарафи иштирокдорони озмун аз қабили маҳсулотҳои нонӣ, оши палав, қаннодӣ, хуришҳо, меваҳо ва сабзавотҳои аз заминҳои наздиҳаавлигии сокинони ин маҳалла омодашударо барои аёдат ба қисми низомии 31047 комендатураи ҳарбии вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри Бохтар пешкаш намуданд.

          Ҳамчунин аз тарафи шуъбаи фарҳанги шаҳри Бохтар ва театри вилоятии ба номи Ато Муҳамаддҷонов баҳри болидахотирии сарбозону афсарони қисми низомӣ чорабинии фарҳангӣ низ пешкаш гардид.