ФАЪОЛОНИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, тибқи рейтинги ҳизбӣ 70 нафар кормандони пешсаф ва фаъоли ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба минтақаи сайёҳии "Сафеддара" сафарбар карда шуданд. Дар ҳақиқат Сафеддара минтақаи хеле зебо ва дилчасп ҳаст, ки диққати сайёҳон ва дилхоҳ нафарро ба худ ҷалб месозад.

Албатта чунин иқдомҳо баҳри дӯстӣ пайдо намудан, сарҷамъу муттаҳид будан ва дидан намудан аз гӯшаҳои зебои диёрамон саривақтист!