ДАР ЯКҶОЯГИВУ ҲАМБАСТАГӢ ШАҲРАМОНРО БОЗ ҲАМ ОБОДТАРУ ЗЕБОТАР МЕГАРДОНЕМ!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз дар шаҳри Бохтар аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Бохтар корҳои ободониву созандагӣ ва аз алафи бегона тоза намудани гулгаштҳо доир гардид. Хусусан, саҳми аъзои ҳизб аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабии шаҳр зиёд дида мешавад.