КОНФЕРЕНСИЯИ 25-УМИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР ГАРДИД.

Бохтар: Ҳисобот  

Бохтар: Санаи 20 июли соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Конференсияи 25-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар кори Конфренсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин,муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, намояндагони ВАО ва нашрияҳои ҳизбиву давлатӣ иштирок доштанд.

Конференсияи 25-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтарро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло кушода, вакилонро ба рузномаи конференсияи шинос намуд.

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи Конференсия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло Абдусалом оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар давоми моҳи ноябри соли 2019 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот доданд. Дар ҳисобот ҳамаи дастовардҳо, камбудиву норасоиҳо мавриди баррасиву таҳлил қарор дода шуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ шаҳрвандон, ҳизбиён ва фаъолони шаҳри Бохтар дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба пешравиҳои назаррас ноил шуданд, ки дар натиҷаи пай дар пай амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаву ғамхоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарҳои кориашон ба шаҳри Бохтар ва ба истифода додани иншоотҳои гуногуни хоҷагии халқ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд.

Баъди шунидани ҳисоботи Кумитаи иҷроия, раиси комисияи тафтишотӣ Изатуллозода Ҳабибулло аз фаъолияти комисияи тафтишотӣ ҳисобот доданд. Ғуломова Марҷона-вакил аз ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо”, Носирҷони Маъмурзода-вакил аз ташкилоти ибтидоии “Рўзномаи Хатлон”, Саломзода Сиҷоуддин-раиси шаҳри Бохтар, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Латифзода Асрор Қурбон-муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои мазкур ба музокира баромаданд.

 

 

Аз ҷумла Латифзода Асрор Қурбон оид ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, пешравию камбудиҳо, баргузории чорабиниҳои таблиғотиву

ташвиқотӣ, қабул ба сафи ҲХДТ, муқоисакунӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, сари вақт супоридани ҳаққи узвияти ҳизб, иштироки фаъолонаи ҳизбиён дар 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуданд.

Саломзода Сиҷоуддин-раиси шаҳри Бохтар дар суханронии худ иброз доштанд, ки вазифаи асосии мо ҳизбиён, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ин бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ, сафарбар намудани аъзои ҳизб, тарафдорони он, умуман аҳолӣ ба корҳои бунёдкорию созандагӣ мебошад.

Вакилони конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроияро иборат аз 41 нафар, ҳайати комиссияи тафтишотиро иборат аз 5 нафар ва вакилонро ба конференсияи 14 – уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Халон интихоб намуданд.

Дар охир ба чанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурсамар бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шањри Бохтар қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, 12 нафар ҷавонон ва шаҳрвандони шаҳр, ба аъзогии ҲХДТ қабул гардида буданд аз тарафи муовини Раиси ҲХДТ Латифзода А.Қ шаҳодатномаи ҳизбӣ гирифтанд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Баъди баргузории Конференсияи 25-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҷлиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар маҷлис раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ҳайати 11 интихоб гардид. Ҳамчунин Иброҳимзода Неъматулло бори дигар аз тарафи аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб гардид. Дар маҷлис ҳамчунин ситоди обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2023 ташкил карда шуд.

Шуъбаи иттилоотиву тахлилии КИ ХХДТ дар шахри Бохтар