МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО»

Бохтар: Ҳисобот  

Санаи 14.06.2022 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рушди истеъдодҳо» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок намуд.

Ба баррасии маҷлис масъалаҳои зерин пешниҳод гардид:

1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рушди истеъдодҳо» оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

2.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рушди истеъдодҳо».

3.Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Рушди истеъдодҳо» барои нимсолаи дуюми соли 2022.

4.Интихоби вакил ба конференсияи шаҳрӣ.

5.Масъалаҳои ташкилӣ.