МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “КАЁНВАРЗ”

Бохтар:  
 
10 июл дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Каёнварз” доир гардид.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ Ҳусейнзода Наврӯз, раиси ташкилоти ибтидоии “Каёнварз”, Саидзода Раҳмон Азим, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлис 4 масъала, аз ҷумла ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Каёнварз” дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои минбаъда, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби котиби ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакил ба Конференсияи XXIX ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.
Бояд қайд кард, ки маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботиро Наврӯз Ҳусейнзода, оғоз бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.
Сипас, мавсуф вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот дода, афзуд, ки ташкилоти ибтидоии “Каёнварз” дар худ 29 нафар аъзоро муттаҳид карда, дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррасро, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, аксияву ташаббусҳои ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созанда ва корҳои ободониву бунёдкориро ба анҷом расонидааст.
Дар идома Дилшод Абдувоҳидзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб вобаста ба корҳои анҷомдода дар давраи ҳисоботӣ ба музокира баромада, зикр намуд, ки бо мақсади муттаҳид намудани шаҳрвандон дар атрофи ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоятӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби нафароне, ки Оиннома ва Барномаи ҳизбро эътироф менамоянд, сатҳу манзалат ва нуфузи ҳизбро дар байни ҷамъият баланд мебардоранд, ба сафи ҲХДТ қабул карда шуд.
Инчунин, дар ин давра аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои навтаъсис ҳангоми бурдани корҳои таарғиботиву ташвиқотӣ 25 адад ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар вилоят ба 2 ҳазору 872 адад расидонида шудааст.
Пас аз анҷоми музокира бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур Наврӯз Ҳусейнзода, аз нав раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Саидшо Асрориён, котиби ташкилоти ибтидоии “Каёнварз” интихоб гардида, номзадии Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба вакили ба Конференсияи XXIX ҲХДТ дар шаҳри Бохтар пешбарӣ гардид.
Дар навбати худ Саидзода Раҳмон Азим оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риоияи қонунҳои амалкунандаи давлат, татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб, иштироки фаъолона дар аксияву ташаббусҳои ҳизбӣ ва амсоли ин ибрози ақида намуд.
Дар охир вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.