БАДХОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД!

Бохтар: Вокуниш  

Вокуниш ба суханони мавлавӣ Абдуқодири Ҳомӣ ва Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ.

Баъд аз ҳазор сол мо тоҷикон ба истиқлолияти давлатдорӣ расидем. Роҳбари кишварамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсӣ бо нерӯю азми қавӣ ворид шуда, дар давлатдорӣ, суннату анъанаҳои Сомониёнро эҳё кард. Дар ҷомеа ислоҳот даровард, ки манфиатҳои миллӣ ва давлатиро ифодагир буда, ба эҳёи анъанаву суннатҳои миллӣ созгор аст.

Дар ин замина асолатхоҳии миллати тоҷик боло рафта, алайҳи хурофот ва хурофотпарастӣ барномаҳои мушаххаси амал тарҳрезӣ шуданд. Дар як вақт дигаргуниҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҷорӣ гардида, дар мафкураи одамон андешаи миллӣ шакл гирифт. Ин омилҳо ва марҳалаҳои инкишофи давлатдории миллии тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ рушди бесобиқаи ҳамаи соҳаҳо ба ватанфурушон ва балегӯёни хориҷиашон писанд нест.

Лозим донистем бо ироаи чанд андеша ба бадхоҳони миллат ҷавоби сазовор ва асоснок гӯем ва ба роҳи рост ҳидояташон кунем. Зеро аҷдодони барӯманди мо-ориёиҳо ростиву дурустиро талқин мекарданд, ки ин маънӣ дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таакид шудааст. Ва муддаиён тавсия медиҳам, ки сари вожаву ибораҳои гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек андеша кунанд, зеро ин ибораҳои калидӣ раванди камолёбии инсонро метезонанд.

Ин фикри ботилу ифротгароёнаи онҳоро мо маҳкум мекунем. Ба мавлавиҳои таблиғгари ифротгарои афғон ва ғайра гуфтанием, ки ин гуна андешаронӣ хилофи манфиатҳои аҳли башар аст. Такя ба хирад не, ба эҳсоси зудгузар дорад. Ва мисли бори каҷ аст, ки ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад.

Дуюм зери мафҳуми ҷиҳод ба хотири ислом аҳдофи ғаразноки хоҷаҳои корфармои мавлавиҳои эҳсосию ифротгаро ниҳон аст. Манзур ин аст, ки тақрибан зиёда аз 300-сол пеш вақте аз Ғарб истеъморгарон ба шарқ аз ҷумла Осиёи марказӣ омаданд, диданд, ки ин ҷо фарҳангу забони форсӣ тоҷикӣ асоси давлатдорӣ ва фарҳанги исломиро дар шарқ ташкил медиҳад ва ин фарҳанг мисли занҷири маънавие асолати мардуми шарқро пайвастааст. Ва ғарбиён ба хотири фарҳангу тамаддуни худро дар қаламрави шарқ инкишоф додан (ин раванди мусбӣ аст) бо ин фарҳанг дар асоси барномаҳои махсуси тарҳрезишуда рақобати шадидро шурӯъ карданд.

Бо гузашти солҳо ин рақобатро либоси ифротгароию экстремистӣ пушонида, дар қароргоҳҳои махсус гуруҳҳои ифротиро созмон дода, ҳар гуна равияву ҷараёнҳои номатлубро рӯи кор оварданд ва худашон аз дур истода, миллати шарқро дар заминаи ақидатӣ ба сангарҳо кашиданд. Ҳадафҳои худро пиёда сохта, ба забону фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ батадриҷ душманӣ варзиданро оғоз карданд.

Мавлавӣ Абдуқодири Ҳомӣ ва Аҳмад Фирӯз Аҳмадӣ ва дигар асолатбохтагон низ шояд намедонанд, ки зери коса нимкоса ҳасту хоҷагонашон ба мо ришханд мезананд, ки худамонро бо дасти худамон нест кардан дорем.

Гурӯҳи толибон дар асрҳои мозӣ дар шаҳри Девбанди Ҳиндустон бо мақсади мубориза бар зидди истеъморгарони англис созмон ёфта буд ва хориҷиён ин гурӯҳро бо мурури вақт аз як ҷараёни мусбати асолатхоҳ ба як гурӯҳи ифротии миллатгаро табдил додаанд, ба воситаи амалҳои зиддиинсонии толибон дар Афғонистони имрӯза зидди форситаборон ва фарҳангу забони дарӣ (форсӣ-тоҷикӣ) муборизаи беамон мебаранд. Ва оё рафтори толибон адолат аст, ҳаргиз не ва ин андеша эътиқоди толибонро зери шубҳа мекашад. Онҳо шояд ба таври комил аз талаботи дини мубини ислом огоҳ нестанд?

Мо мехоҳем мавлавиҳои муҳтарам Абдуқодир ва Фирӯз дар асоси омӯзишу таҳлил амалҳои толибон посух биҷӯянд. Шояд ба дарёфти андешаи комили созанда бирасанд. Ин ду нафар мавлавӣ шояд ба хотири нафси дунёӣ рӯзи охиратро фаромӯшт кардаанд. Вале мусаллам аст, ки хуни дар қаламрави Афғонистон рехташуда барои онҳо ва хоҷагонашон кам аст. Ин ҷо як пора аз шеъри шоири муосири тоҷикро овардан муносиб аст. Шояд мавлавиҳои ифротгарои форситабор ҳадди ақал каломи мавзунро мефаҳманд. Онон, ки гирди номи мо тазвир мекунанд, Худро доми фитнаи худ гир мекунанд. Моро, ки кони маънию имону ҳикматем, дар номаи сиёҳи худ таҳқир мекунанд.

Ин гуна фитнагариҳо дар тӯли ҳазорсолаи охир атрофи тоҷикон, форсҳо ва даризабонҳои Афғонистон бисёр ба вуқуъ пайвастаанд.

Ҷабри арабҳо, қарахониҳо, ғазнавиён, муғулҳо темуриён, шайбониён, манғитиён ва ғайра пушти сар шуд ва ин миллати фарҳехта зинда монд, дар як гӯшаи хурди ватани таърихиаш кишваре бо номи Тоҷикистон дорад ва сӯи кишвари мо санги маломату таҳдид ҳаво додан камоли бехирадӣ аст.

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми форсу тоҷик дар шаклгирии тамаддуни башарӣ нақши бориз доранд. Ва фарҳангу забони форсӣ-тоҷикӣ дар тули қарнҳо хатти устувору пайвандгари халқу давлатҳо ва дину оинҳо буд. Ва онҳое, ки дар Афғонистон табли ғурур мезананд, бо форситаборон ва фарҳангу забони тоҷикӣ душмани меварзанд, ба воситаи фарҳангу ин забон бо аҳли башар пайваст шуда фарҳанги миллии хешро шакл додаанд.

Ба толибон, ки байни исломи ноб ва хурофот, аҳдофи миллӣ ва ғаразҳои истеъморгарони ҷаҳонхоҳ фарқ гузошта наметавонанд, маслиҳат медиҳем гуфтаҳои Худовандро иҷро кунанд, на фармудаи хоҷагонашро. Аз сӯи дигар абарқудратҳое, ки дар шарқ ҳукми худро ҷорӣ карданд, бо фарҳанги форситаборон душманӣ наварзанд, балки бо ин тамаддун ҳамкорӣ намоянд. Забони форсиро ҳамчун забони байналмилалӣ эътироф намоянд. Ҷаҳонро ба саҳнаи ҳамкориҳо табдил диҳанд, дар бартараф кардани ҷангу муноқишаҳо дар қаламрави дунё мусоидат намоянд.

Месазад ёдовар шавем ва ба мавлавиҳои ваъзгӯрасонидаем, ки фитнабозӣ атрофи номи тоҷикон ба онҳо суде намебахшад. Онҳо таҳдиди ҷиҳод дар Тоҷикистон мекунанд. Эшон бояд андешаи мустақили хешро парвариш диҳанд. Ва аввал кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки меҳанашон ором шавад, фақр аз байн равад, осудагӣ ба рӯзгор ва бовар ба дили халқҳои Афғонистон баргардад. Захмҳои пайкари афгори Афғонистон даво бахшанд. Бояд Абдуқодир ва Фирӯз дар ин росто аввал дар худ ҷиҳодро оғоз кунанд. Эҳсосоти фиребандаро як сӯгузоранд. Тавонанд фикри мавлавӣ Ҷалолиддини Балхиро дар меҳвари андешаҳояшон қарор диҳанд. Ҳарфи бадро ба лаб овардан хатост, Кофару муъмин ҳама халқи Худост.

Иддаои Абдуқодиру Фирӯз шояд огоҳ нестанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъол аст ва як бахши муҳими онро эҳёи анъанаву суннатҳо, либоси миллӣ ва забони миллӣ ташкил медиҳад.

Таърихан сатру фаранҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза вуҷуд надошт ва он чи ба номи сатр аз хориҷа ворид мешавад, нусхаи либосе ҳаст, ки занон дар мадраса ва калисоҳои насрониён дар бар мекунанд ва сатри имрӯза ба анъанаҳои тоҷикӣ мувофиқ нест. Занону модарони тоҷикро либоси миллии тоҷикӣ дар шакли ҷакан, гулбаст, по-по, рӯймоли заргаронӣ, гардӣ ва докаи сафед мезебад, на либоси сиёҳи хориҷӣ, ки дар назар ба либоси мотамзадаҳо шабеҳ аст.

Сатрпӯшӣ ва ришмонӣ дар Тоҷикистон аз тарафи баъзе ҷавонону занон тақлиди кӯр кӯрона ба бегонаҳост. Халқро тақлидашон барбод дод, Э дусад лаънат бар ин тақлид бод. Ин масъала дар навбати аввал хурду назарногир метобад, вале дар раванди давлатсозӣ ва миллатсозӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Аз дидгоҳи мазҳабӣ ба анъанаҳои миллӣ дарафтоданд, ба оқибатҳои нохуб оварданаш мумкин аст. Аз сӯи дигар толибон ва мавлавиҳои ҷорчиашон бояд донанд, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ, демократӣ, хуқуқбунёд ва иҷтимоӣ аст.

Тибқи Конститутсияи мамлакат инсон новобаста аз дину мазҳаб, ранги пӯсту забонаш арзиши олӣ эътироф гардидааст. Ва даъвоҳои мавлавиҳои афғони асолатбохта асосе дар ҳаёти воқеӣ надоранд. Аммо душманони миллати мо фикри чанд танро ба кулли мардум бор карданӣ мешаванд. Сӯзу гудози асолатбохтаҳо арбадае беш нест, зеро онҳо худношиносанд. Ҳар фитнагари арбадаҷӯмарди Ватан нест, Уро ҳама дард аст, вале дарди Ватан нест. Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати нерӯманд аст. Рукнҳои давлатдориаш устуворанд. Таҳдиди чанд тан иғвогар, пуштибонҳои онҳо ба мо маълуманд, мақсади эшон низ дар минтақа ба амалӣ кардани нақшаҳои абарқудратҳо нигаронида шудааст.

Аз ин рӯ, ҳамсояи мо бояд ҳалли мушкилоти давлатдории худро дар ҷиҳод бо Тоҷикистон наҷуянд. Дар кишвари худашон Афғонистон бикӯшанд то адлу адолат ҷорӣ гардида, халқу миллатҳо дар ҷодаҳои орзӯяшон баробар дар як саф қадам зананд.

Дар фуроварди сухан ба ҳамватанони азиз гуфтаниам, ки дар атрофи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида муттаҳидтар шаванд. Дар ҳалли ахдофи стратегии кишварамон ширкати фаъолона варзанд. Ба фалсафафурӯшию ҳарзагӯии ҳар нохалаф гӯш надиҳанд, балки дар раванди созандагиву бунёдкорӣ нақши бориз гузошта, аз дидгоҳи зиракию ҳушёрии сиёсӣ ба воқеият баҳо диҳанд.

Экстремизму ифротгароиро маҳкум карда, баҳри ривоҷ, эҳё ва густариши анъанаву сунатҳои миллӣ дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт фаъолнокӣ нишон диҳанд. Зеро шоире хуб фармудааст. Миллатеро ҳаст қоим анъана, Мекунад дар базми ҳастӣ тантана.

Неъматулло Иброҳимзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.