КОРНАМОИРО АЗ ФАРЗАНДОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК БОЯД ОМӮХТ!

Бохтар: Андеша  

Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар таърихи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷумла дар таърихи миллати тоҷик мавқеи махсус дорад. Он аз ҳама ҷангҳое, ки инсоният аз сар гузаронида буд, вазнинтарин ва шадидтарин маҳсуб мешуд ва барои халқи Иттиҳоди Шуравӣ имтиҳони ҷиддӣ буд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ ягон фарди бошуури Иттиҳоди Шуравиро бетараф нагузошт.

Августи соли 1939 Иттиҳодӣ Шуравӣ бо Олмони фашистӣ “Шартнома дар бораи ба муқобили якдигар ҳуҷум накардан”-ро имзо кард. Дар ин шартнома навишта шуда буд, ки то 10 – соли оянда, Германия ва Иттиҳоди Шуравӣ ба ҳамдигар ҷанг намекунанд. Ин шартномаро Гитлер ва И.В. Сталин ба имзо расониданд. Саҳарии 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он, давлатҳои Италия, Финлияндия, Венгрия ва Руминия ҳам ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд.

Ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ қувваи хело бузурги душман: 190 дивизияи иборат аз 5,5 миллин нафар аскар ва афсарон, 3,7 ҳазор адад танк, қариб 5 ҳазор адад самалётҳои ҷангӣ, зиёда аз 47 ҳазор адад тӯп ва минамётҳо нигаронида шуда буд. 3 – июли соли 1941 И.В. Сталин ба тамоми мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ муроҷиат намуд, ки нисбати тақдири мамлакати худ, Ватани худ бепарвои накарда, тамоми фаъолияти худро мувофиқи талаботи замони ҷанг ташкил намоянд ва барои Ватани худ бархезанд.

Дар ин набардҳо фарзандони миллати тоҷик қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд, барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Олмони фашистӣ муборизаҳои зиёд бурданд ва корнамоиҳои халқи тоҷик дар саҳифаҳои таърих сабт гардидааст.

Фарзанди халқи тоҷик Неъмат Қарабоев дар ҳамин ҷанг шуҷоат нишон дода, на танҳо аз фиристодагони Тоҷикистон, балки аз тамоми Ҷумҳориҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шуда, ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави сарфароз шуд.

Муҳорибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба фарзандони халқи тоҷик, Ҳоди Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзалиев корнамои нишон дода, бо тӯп танкҳои душманро тирборон намуда ва чандин ҳуҷуми душманро зада гардониданд. Онҳо маҷрӯҳ шуданд вале то охирин нафас барои ҳифзи Ватан мубориза бурда ба унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави сарфароз гардиданд.

Моҳи июли соли 1944 Фатҳулло Аҳмадов барои озод кардани сарзаминҳои Беларусия ва Лаҳистон ба унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави сарфароз гардид. Зодаи ноҳияи Данғара Исмат Шарипов то оғози ҷанг дар колхози “Коментерн” ноҳия кор мекард. Ӯ барои озод кардани сарзамини Украина корнамои нишон дод, вале худаш ҳалок гардид. Ӯро баъди маргаш, 13 сентиябри соли 1944 ба унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави мукофотониданд.

Сафар Амиршоев ҳангоми саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар колхози “Меҳнат”-и ноҳияи Кӯлоб кор мекард. Ӯ дар чандин муҳорибаҳо ширкат варзидааст. Дар муҳорибаи сахтарине, ки дар Литва ба амал омад корнамои нишон дода ба унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯрави сарфароз гардид.

Зиёда аз 260 – ҳазор фарзандони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд, ки аз ин миқдор зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард барои озоди Ватан ҷони худро дареғ надошта қаҳрамонона ҳалок гардиданд, 50- ҳазор нафари онҳо бо ордену медалҳо ва 54 – нафари онҳо ба унвони олии “Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гаштаанд” Инчунин, боз 21 нафар аз фиристодагони Тоҷикистон дорандаи ордени “Шараф”-и дараҷаи сеюм сазовор шуданд.

Корнамоии ин фарзандони миллати тоҷик аз хотираи мардуми тоҷик фаромӯш нахоҳад шуд. Чунки номҳои онҳо дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Мо фарзандони ин мулки биҳиштосо аз корнамоии қаҳрамониҳои халқи тоҷик дарси ибрат гирем ва корнамоии онҳоро омӯзем.

 

Давлатов Наҳтулло - Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.