ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ДОИР БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

Бохтар:  

      6 майи соли 2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №11-и шаҳри Бохтар вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо падару модарон, омӯзгорону устодон ва хонанадагони муассиса ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" доир гардид.

       Дар вохӯрӣ намоянда аз шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар, муовини сардухтури КАТС-и шаҳри Бохтар  ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.  Аз ҷониби намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар оид ба ҷалби волидайн дар раванди таълиму тарбия, таъмини фарзандон ба китобу лавозимоти мактаби, таъмини саривақтии хонандагон ба дарсҳо ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, пешгирии хонандагон аз сайру гашт ба доманакӯҳҳо ва шиноварӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва дигар масъалаҳоро гуфта гузаштанд.

      Дар ҷараёни вохӯрӣ дар мавриди расонидан ба самъи падару модарон ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ суханронӣ карда шуд. Ҳамчунин ҷиҳати омилҳое, ки ба ҷинояти ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ ва ғайра.  Муовини сардухтури КАТС-и шаҳри Бохтар дар мавзӯҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.