НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар оиди баргузории маҷлисҳои ҷамъбастии ташкилотҳои ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсоз" маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Давлатова Роҳила иштирок намуд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳсоз" Юсуфзода Бузургмеҳр оғоз намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд ва аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар се моҳи аввали соли 2024 ҳисобот дод. Инчунин, шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ аз рӯи масъалаи болозикр ба музокира баромад.

Дар ҷамъбасти маҷлис Давлатова Роҳила зимни суханронии худ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуд ва ҷиҳати иҷрои саривақтии ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ, оиди ҳаракати аъзои ҳизб, тақвият бахшидани корҳои идеологӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим суханронӣ намуд.