"МО ЗИДДИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТИВУ ТЕРРОРИСТИЕМ! "

Бохтар: Вокуниш  

Сухани асил-ҷавҳари тарбияи инсони комил аст. Тоҷикон ҳамчун миллати фарҳанги ва тамаддунофар буд ҳаст ва мемонанд. Таваҷҷӯҳ ба ин арзиши ҳаёти дар ҷаҳони тағйиру таҳаввул рисолати имониву виҷдонии мост. Мо имрӯз хуб дарк менамоем , ки арзишмандтарин ҷанбаи ҳастии Башар сухан аст, зеро он воситаи асосии тарбияи инсони комил буда, дар ташаккули афкори ҷомеа ва диди нави иҷтимои таъсири муоссир мерасонад.

Коре, ки ба қудрати сухан ба субут мерасад, тариқироҳи дигаре онро анҷом додан нашояд. Аз ин рӯ, Савари мамлакатамон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқоту сӯхбатҳояшон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон борҳо изҳори назар намудаанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштаанд, ки имрӯз терроризм ва экстримизм хамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари накамтар аз силоҳи ядрои ба миён овардааст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ҳамоҳангии фаъолияти башар барои несту нобуд кардани терроризм солҳо боз идома дорад. Бегумон решакан кардани терроризми байналмилали кори содаву осон нест. Ифротиён ҷаллодони достомӯзи аҳриман ҳастанд, ки бо даҳшатҳову ваҳшатҳо ба ҷойи зиндаги дар руйи замин тухми нифоқу нафрат ва марг мекоранд.

Террорист мавҷуди маъюбу дилсиёҳи сарзамини ҷохили аст, ки ҳар амалу рафтори хоинии у дар сиёҳтарин саҳфаи дафтари таърих аз худ нишон мегузорад, ҳамчун нафратангезтарин зуҳуроти иҷтимои башар аз худ дарак медиҳад.

Дар шинохти террористу экстремист назарҳо ва шарҳу тафсир гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳи бештаре аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки пайваста ва бо такрор таъкид менамоянд, наметавон ёфт, ки гуфтаанд "террорист ватан, дин, мазхаб ва миллат надорад".

Абдурахмонова Зумратбӣ - аъзои ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо".