ТАРБИЯИ ДУРУСТИ НАВРАСОН- ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА ВА РӮЗГОРИ БОСАОДАТ

Бохтар: Андеша  

Ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд вобастагии амиқ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мебошад.

Аз ин хотир, волидон ва фарзандони онҳоро имрӯз мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талоши тарбияи баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии онҳо бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст.

Дар ин раванд, аз тарафи Президенти кишвар эълон гардидани соли "2024- соли маърифати ҳуқуқӣ" ин баҳри маърифатнок намудани чавонону наврасон мебошад, зеро надодистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ аз тарафи аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон зиёд ба назар мерасад.

Абдураҳмонов Алишер - аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо".