ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА!

Бохтар: Андеша  

Воқеан муҳаббати Ватан аз алаҳои ҷонбахши модар манша мегирад, маҳз алаи модар фарзандро ба дурустиҳо то дами бо ҷомеа ворид гаштан ҳидоят намуда, бо роҳи дурусти ва худшиносии миллӣ раҳнамои менамояд.

Дар ин раванд мактабу ҷомеа барои фарзанд роҳбаладу таълимгару тарбиятгар аст, чун аз назорат дур гардид оқибат бадбахтиҳо ба бор меояд. Маҳз меҳрубониҳои беинтиҳои волидон метавонанд ба роҳи нодуруст бо ҳамон истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ ба амал ва кирдорҳои номатлуб оварда расонад. Воқеан ҳам яке аз омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ин аз бепарвоӣ ва нодуруст истифода намудани шабакаҳои ичтимоӣ мебошад. Роҳи ҳалли ин мушкилот ҳазар кардани ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё тарзи дуруст истифода намудани онро хуб дарк намудан маҳсуб меёбад.

Мусаллам аст, ки терроризм ва экстремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Лекин мо намегузорем, ки Истиқлолият, пойдории давлати моро ҳар гуна ашхоси ифротгару ноҳақ, бадхоҳу, бадкирдор, тераристу хоину лаин аз байн барад. Мо иттифоқем, даст ба дастем, китф ба китфем ва силоҳи мо дасти дуои модарони мост, ки шумо онро надоред ва аз он дуои неки модарона маҳрумед ифротгарону хоинони миллат!

Ғуломова Марҷона - аъзои фаъоли ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамо".