БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
   Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳнамо” (Литсейи давлатии №1 шаҳри Бохтар) бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чарабинии мазкур Қаҳҳоров Искандар мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлоли ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.
Ҳамчунин, Қаҳҳоров Искандар ба сухан баромада, ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми занону модарони кишваро ба ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки проблемаи беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошт.
Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст.
Баъдан баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби хонандагон барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардида, инчунин дар ҷамъбасти чорабинӣ як қатор фаъолзанони ташкилоти ибтидоӣ бо туҳфа ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар қадрдонӣ гардиданд.