ҲХДТ –ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

Бохтар: Созандагони ватан  

   Имрӯз бо ташаббусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо бо ҷалби 30 нафар волонтёрони ҳизбӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии Литсейи касбии техникӣ ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳр аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор" ташкил ва гузаронида шуд. Барои тозаю озода нигоҳ доштани дохили бино, гирду атрофи бинои маъмурӣ, нарм намудани заминҳо дастаъҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф, барои боз ҳам зеботар намудани маркази вилоят пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд. Волонтёрони ҳизбӣ зери роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатов Наҳтулло дар кӯчаҳои Ваҳдат, Борбад як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расонида, гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро аз партовҳо тоза намуданд.

Имрӯз, ки мо дар остонаи 35-солагии истиқлолияти давлатии Чумхурии Точикистон ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ қарор дорем, аз ин сабаб ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем. Ҳифз намудани табиат ва тозаю азода нигоҳ доштани он қарзи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Баргузор намудани чунин аксияҳо ва ҳашарҳои умумии дастаҷамъона баҳри ободию зебоӣ ва хуррамгардонии як гӯшаи диёри азизамон минбаъд низ дар назар аст.