БАРГУЗОРИИ АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МТМУ №5-И ШАҲРИ БОХТАР.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Мувофиқи нақшаи якҷояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми феврал дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Бохтар бо иштироки директори муассиса Бердиев Ғ ва муовинон Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.
Дар ин соати сиёсӣ аксари омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба -Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”;
-Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”
-31 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, маърӯза намуда, қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад, ки дастурамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ҳар як шаҳрвандро ба фаъолияти самарабахш ҳидоят мекунад.
Дар баробари ин, Президенти мамлакат бо дарназардошти дар соли оянда таҷлил гардидани 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2024 дар ҷумҳуриамон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шавад.