ИДОМАИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Баҳри вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани симои шаҳри Бохтар, санаи 24-ум феврали соли ҷорӣ аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кӯмакрасон" шанбегии дастаҷаъмона баргузор намуда, дар ободонии як мавзеи шаҳр саҳми арзандаи худро гузоштанд.