САҲМИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ОБОДОНИ ШАҲР.

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯзҳо дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар корҳои ободонию созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳашарҳои дастаҷамъона ва шанбегиҳо бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар кӯчаҳои шаҳри Бохтар ҳар ҳафта доир гардида, аҳли кормандони ташкилоту муассисаҳо дар якҷоягӣ саҳми арзандандаи хешро дар тозаю озода намудани муҳити табиат, ободӣ ва гулгушукуфоии шаҳри Бохтар мегузоранд.
Бо ин мақсад санаи 24-уми феврал аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бахши ҷавонони шаҳр", "Маркази ҷавонони шаҳр" ва "Номбардори Ватан” бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳр ҳашари дастаҷаъмона баргузор намуданд.
Ҳамзамон, волонтёрон оиди маданияти шаҳрнишинӣ ва тоза нигоҳ доштани маҳали зисти худ дар назди биноҳои баландошёна варақаҳои иттилоотӣ насб намуда, аксияи тозагии маҳал доир намуданд.