ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА АЗ ҶОНИБИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 24-уми феврал аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Театри ба номи А. Муҳаммадҷонов" бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани як мавзеи шаҳр ҳашари дастаҷамъӣ ташкил намуда, як қатор корҳои тозагию ободониро ба анҷом расониданд.
Дар ин ҳашар иштирокдорон бехҳои гулҳо ва дарахтонро нарм намуда, гирду атроф ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои худрӯй ва ҳар гуна партовҳо тоза намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки чунин корҳои ободонӣ дар дигар мавзеъҳои шаҳри Бохтар бо маром идома доранд.