ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “СОБИҚАДОР” ТАЪСИС ЁФТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо хоҳишу дархости аъзои ҳизб маҷлиси муассисон баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидзода Раҳмон иштирок доштанд.
Нахуст Сафарзода Раҳматулло раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуда, суханро ба муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дод.
Зимни суханронӣ Саидзода Раҳмон иброз намуд, ки мутобиқи банди 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳолати дар як корхона ва ё муассиса мавҷуд будани панҷ ва зиёда аз он аъзои ҳизб дар он корхона таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мумкин аст. Таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар ин ҳамчун як дастгирии кормандон аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Баъдан аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “Оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизб” бо тариқи райъи иштирокдорон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи номгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ” бо пешниҳод ва ҷонибдории аксари кормандон номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Собиқадор” номгузорӣ карда шуд.
Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзнома интихоби раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, Сафарзода Раҳматулло раис ва Комилзода Муқим шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.