ШАНБЕГӢ ВА ШИНОНИДАНИ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗ ДАР МАЙДОНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БО ИШТИРОКИ И.В.РАИСИ ШАҲР!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
  Санаи 17-уми феврал дар майдони Ваҳдати миллии шаҳри Бохтар шанбегии дастаҷамъона ва шинонидани дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ ва нодир бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Муминзод Абдулмаҷид Мубин баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур Раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дигар ташкилотҳои ибтидоиии ҳизбӣ ширкати фаъолона доштанд.
Ин боз як саҳми арзанда аз тарафи иштирокчиёни ин шанбегӣ дар ободу зебо гардидани шаҳр ба ҳисоб меравад.